Имрӯз ин ду корхона, корхонаи пахтатозакунӣ, ки ба коркарди пахта ва истеҳсоли нахи пахта, чигит, тиббит, торак, пат ва корхонаи равғанбарорӣ, ки ба коркарди чигит ва истеҳсоли равған, кунҷораву шулха машғул мебошад, фаъолият мекунанд. Корхонаҳои амалкунандаи истеҳсолӣ замонавӣ буда, аз ҷиҳати истифодаи қисмҳои эҳтиётӣ ва қувваи барқ каммасраф мебошанд. Инчунин қайд намудан ҷой дорад, ки барои сохтмону ба истифода додани ин иншоотҳо ба андозаи 12,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони Ватанӣ харҷ карда шудааст.
Иқтидорҳои корхонаҳои номбурда коркарди 27 ҳазор тонна пахта ва 9 ҳазор тонна чигитро дар як сол дарбар мегиранд. Иқтидори солонаи маҳсулоти асосии корхонаи пахтатозакунӣ, нахи пахта зиёда аз 10 ҳазор тонна буда, истеҳсоли равған бештар аз ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.