Ноҳияи Бохтар, Вилояти Хатлон,
ТОҶИКИСТОН (+992) 900-90-08-08

ХУШ ОМАДЕД

Ба сомонаи корхонаи БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН хуш омадед!

ДАР БОРАИ КОРХОНА

Ҷамъияти дорои масъуляташ маҳдуди "БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН" дар ҳудуди ҷамоти "Заргар", ноҳияи Бохтар, вилояти Хатлони Ҷумҳурии ТОҶИКИСТОН ҷойгир мебошад. Бояд қайд намуд, ки Ҷамъият дар ҷойе воқеъ мебошад, ки аз маркази вилоят то он масофа ҳамаги 10 километрро ташкил медиҳад. Инчунин заминҳои хоҷагиҳои пахтакор, ки ҶДММ бо онҳо сарукор дорад наздик буда, бобати ҳамкориҳо бениҳоят қулай мебошад...

ИСТЕҲСОЛОТ

Имрӯз ин ду корхона, корхонаи пахтатозакунӣ, ки ба коркарди пахта ва истеҳсоли нахи пахта, чигит, тиббит, торак, пат ва корхонаи равғанбарорӣ, ки ба коркарди чигит ва истеҳсоли равған, кунҷораву шулха машғул мебошад, фаъолият мекунанд. Корхонаҳои амалкунандаи истеҳсолӣ замонавӣ буда, аз ҷиҳати истифодаи қисмҳои эҳтиётӣ ва қувваи барқ каммасраф мебошанд. Инчунин қайд намудан ҷой дорад, ки барои сохтмону ба истифода додани ин иншоотҳо ба андозаи 12,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони Ватанӣ харҷ карда шудааст...

ХАБАРҲО

Бо мақсади таъмин намудани хизмати беҳтар, мо сомонаи худро нав кардем.