Ноҳияи Бохтар, Вилояти Хатлон,
ТОҶИКИСТОН (+992) 900-90-08-08

ДАР БОРАИ КОРХОНАИ ҶДММ «БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН»

  • БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН

Маълумотнома дар бораи ҶДММ "БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН"

Ҷамъияти дорои масъуляташ маҳдуди "БОХТАР ИНВЕСТ КОТТОН" дар ҳудуди ҷамоти "Заргар", ноҳияи Бохтар, вилояти Хатлони Ҷумҳурии ТОҶИКИСТОН ҷойгир мебошад. Бояд қайд намуд, ки Ҷамъият дар ҷойе воқеъ мебошад, ки аз маркази вилоят то он масофа ҳамаги 10 километрро ташкил медиҳад. Инчунин заминҳои хоҷагиҳои пахтакор, ки ҶДММ бо онҳо сарукор дорад наздик буда, бобати ҳамкориҳо бениҳоят қулай мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарият ва аҳли кори ҶДММ бобати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати равнақи истеҳсолот, инкишофи соҳаи саноат таваҷҷӯҳи доимӣ намуда, ҳамеша дар пайи амали гаштани онҳо мебошад.

Боиси қайд ва сарфарози ҳам мебошад, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба истифода дода шудани корхонаи пахтатозакунӣ дар соли 2013-ум бевосита иштирок карда, бо дуои некашон корхонаро ба кор дароварда, барои сохтмони корхонаи равғанбарорӣ санги асос гузоштанд.

Корхонаи пахтатозакунӣ

Нахи пахта.

Чигит.

Тиббит.

Торак.

Пат.

Корхонаи равғанбарорӣ

Равған.

Кунҷора.

Шулха.

Ҳаҷми истеҳсолу фурӯши маҳсулотҳо дар як сол беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои ҶДММ 133 нафар аҳолии деҳот бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд. Музди кори якмоҳаи хизматчиёну коргарони корхона ба ҳисоби миёна 1250 сомониро ташкил медиҳад. Коргарон бо хуроки гарм ва пушоки махсус таъминанд. Масоҳати ҶДММ 2,1 гектарро ташкил дода, аз инфрасохторҳои барои истеҳсолот ва хизматчиёну коргарон зарурӣ ва қувваи барқ пурра таъмин аст. Барои нигоҳдошти маҳсулотҳои тайёр соябонҳои васеву барҳаво сохта шудаанд, ки ғунҷоишашон бисёрҳаҷм мебошад.